Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ғайриинтизори Дэвид Камерон аз Кобул


Дэвид Камерон
Дэвид Камерон

Дэвид Камерон-нахуствазири Бритониё ба таври ғайримунтазира барои музокира бо аъзои ҳукумати нави Афғонистон вориди Кобул шуд. 3 октябр баъд аз вуруд ба Кобул вай маросими поси хотираи 453 нафар сарбозони Бритониёро, ки ҳангоми хидмат дар Афғонистон дар ҷангҳо кушта шудаанд, ба ҷо овард. Вай аз сарбозони маҷруҳшуда низ ёдоварӣ кард.

Камерон гуфт, аз замони вуруди нируҳои байналмиллалӣ ба Афғонистон ба сарпарастии Амрико дар соли 2001 Афғонистон марҳилаи гузорро тай кард ва ҳоло артишу пулисе ташкил кардааст, ки метавонанд аз кишварашон дифоъ кунанд.

Нахуствазири Британия баъд аз чаҳор рӯзи савганди Ашарф Ғанӣ ба унвони раиси ҷумҳури нав аз Кобул боздид мекунад. Британия баъд аз Амрико дуввумин кишвари бузурги узви эътилофи низомии байналмиллалӣ ба шумор меравад.

Акнун баъд аз 13 соли ҳузур нируҳои Британия то поёни соли ҷорӣ Афғонистонро бояд тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG