Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон қарзҳо "рӯи об" баромаданд


Ниҳоди назоратии зиддиришвахорӣ дар Афғонистон мегӯяд, номи бародари Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури пешин ва бародари яке аз муовинони вай дар феҳристи 19 нафар ва ширкате ҳастанд, ки аз бонки тиҷоратии Афғонистон 663 миллион доллар қарздор ҳастанд. Кумитаи мустақили назорати зиддиришвахорӣ ин маълумотро 2 октябр як рӯз баъд аз оғози тафтиш ба моҷарои соли 2010 дар бонки мазкур эълон кард.

Маҳмуд Карзай-бародари Ҳомид Карзай 22,2 миллион доллар қарздор будааст ва то ҳол танҳо 13,4 миллиони онро пардохт кардааст. Вале вай ин қарзро инкор мекунад ва мегӯяд, ки қарздор нест.

Абдул Ҳасин Фаҳим- бародари Муҳаммад Қасим Фаҳим 4,4 миллион доллар қарздор аст ва то ҳол тақрибан 36 миллион доллар қарзи худро пардохт кардааст.

XS
SM
MD
LG