Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

2 октябр зоирин аз Маккаи мунаварра ба сӯи водии Мино ҳаракат карданд, то айёми маросими солонаи Ҳаҷро оғоз кунанд. Онҳо дар Мино пеш аз баромадан ба кӯҳи Арафот дам мегиранд ва 4 октябр ба кӯҳи Арафот боло мешаванд. Баъд аз он Иди Қурбон оғоз мешавад.

Соли ҷорӣ аз 160 кишвар ба Арабистони Саъудӣ ба зиёрати Каъба ё хонаи Худо рафтаанд. Дар бораи шумораи зоирин рақамҳои гуногун аз 1 миллиону 400 ҳазор то 2,5 миллион нафар хабарҳо дар матбуот ба нашр расидаанд. Аз Тоҷикистон соли ҷорӣ ҳудуди 6 ҳазору 200 нафар зоирин вориди Арабистони Саъудӣ шудаанд, яъне ба ҳамон андозае, ки соли гузашта рафта буданд.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон бештар аз 8 миллион нафарро ташкил медиҳад ва бар асоси муқаррароте, ки вуҷуд дорад, бояд имсол аз Тоҷикистон тақрибан 8 ҳазор нафар ба зиёрат мушарраф мешуданд. Вале ба сабаби он ки ду сол боз бозсозии минтақаи атрофи санги Каъба идома дорад, Арабистони Саъудӣ квотаи зоиринро аз ҳар кишвар 20 дарсад кам кардааст.

Соли ҷорӣ адои маросими солонаи Ҳаҷ бо фаъол шудани тундравҳои "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия ва густариши бемории кушандаи эбола дар ғарби Африқо мусодиф омад. Гузашта аз ин, гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа фаъолтар шудаанд ва хатари аъмоли террористӣ аз имкон дур нест.

XS
SM
MD
LG