Пайвандҳои дастрасӣ

Путин иддао дорад, ки рушди иқтисод кунд намешавад


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар Маскав ба бозрасон гуфт, ки таҳримҳои “нохоста”-и Ғарб рушди иқтисодро боз нахоҳад дошт. Вай барои ором кардани бозрасон дар конфронси 2 октябр изҳор дошт, Русия ҳамчунон аҳд дорад рушди иқтисоди “пешрафта, шукуфон ва озоду бози худ дар ҷаҳон”-ро идома диҳад.

Дурнамои сармоягузориҳои хориҷӣ дар Русия баъд аз таҳримҳои ғарб барои бӯҳрони Украина тира шудааст. Путин гуфт, “ҳадаф” барои истифодаи фаъол аз пулҳои милӣ дар тиҷорати миёни Русияву Чин ва кишварҳои дигар таваҷҷуҳ ба доллари амрикоиро камтар кардааст.

Путин ҳамчунин гуфт, ки давлати Русия омода аст, ки аз бахшҳои иқтисодӣ ва ширкатҳое, ки аз таҳримҳо зарар дидаанд, кӯмак кунад.

XS
SM
MD
LG