Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи китоб дар Душанбе


Дар намоишгоҳи байналмиллаии китоб, ки рӯзи 2-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 17 нашриёти хориҷӣ ҳам китобҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Ин чорумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе буд. Масъулонаш гуфтанд, ки ҳамасола ин намоишгоҳ 4-уми сентябр баргузор мешуд, аммо имсол он бо сабаби омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба таъхир афтод.

Наҷмиддин Зайниддинов, директори намоишгоҳ гуфт, дар маъракаи имсола 61 интишороти дохилӣ ва 17 интишороти хориҷӣ 6710 номгӯи китобҳои нашрнамудаи худро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштанд. Интишороти хориҷӣ аз 9 кишвари дуру наздик, аз ҷумла Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Амрико ва Русия ташриф овардаанд. Наҷмиддин Зайниддинов гуфт, дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе беш аз 20 китоби нав рӯнамоӣ шуд, ки нашриётҳои хусусиву давлати онҳоро ба чоп расондаанд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳҳои қаблии китоб барои ворид намудани китобҳо ноширони афғон ба мушкилӣ дучор мешуданд. Аммо имсол онҳо мегӯянд, бештар китобҳоеро ба намоишгоҳ оварданд, ки ворид намуданаш мушкил набуд ва фарҳангиву таърихи муштараки ҳарду кишварро дар бар мегирад. Намоишгоҳи байналмиллалии китоби Душанбе аз соли 2001 инҷониб баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG