Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои фурӯши кӯдак ду зан боздошт шуданд


Дар вилояти Твери Русия барои талоши фурӯши кӯдаки навзод парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Дар кумитаи тафтишотии минтақати Твер дар ин бора ба матбуот хабар додаанд.

Тафтишон собит сохтааст, ки дар охири моҳи август модар ва духтараш, ки он вақт ҳомила будааст, тасмим гирифтаанд, ки баъд аз таваллуд кӯдакро зуд бифурӯшанд. Ҳар ду шаҳрванди Узбакистон мебошанд.

Ин кӯдак 27 сентябр дар яке аз зоишгоҳҳои шаҳри Твер ба дунё омадааст. 30 сентябр, вақте ки кӯдакро дар ивази 400 ҳазор рубли русӣ ба як харидор медоданд, кормандони интизомӣ ҳар дуро боздошт карданд.

Ба ин ду зан, яъне ба модару духтар тибқи қонунҳои Русия барои чунин ҷиноят 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG