Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиён барои ишғоли фурудгоҳи Донетск меҷанганд


Нируҳои шӯришӣ дар шарқи Украина талош доранд фурудгоҳи шаҳри Донетскро, ки дар дасти нируҳои ҳукуматист, ба тасарруфи худ дароранд. 2 октябр сухангӯи низомиёни Украина гуфт, ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия аз рӯзи гузашта ҳамлаи густарда ба фурудгоҳро оғоз кардаанд.

1 октябр яке аз раҳбарони ҷудоихоҳон гуфт, ки онҳо “90 дарсади қаламрави фурудгоҳро ба назорати худ даровардаанд ва ба нақша гирифтаанд, ки онро дар давоми ду-се рӯзи оянда комилан ишғол кунанд”.

Бо вуҷуди оташбас, ки 5 сентябр эълон шуд, дар давоми шаш моҳи даргириҳои миёни нируҳои ҳукуматӣ ва шӯришиёни ҷудоихоҳ ин фурудгоҳ яке аз нуқтаҳои аслии муноқишаҳо ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG