Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия ҳамла ба тундравҳои исломиро баррасӣ мекунад


Қарор аст, ки 2 октябр порламони Туркия дархости ҳукуматро дар бораи иҷозаи амалиёти низомӣ дар Ироқу Сурия баррасӣ кунад. Ин кор барои пешгирӣ аз таҳдиди гурӯҳи тундрави Далати Исломӣ аст, ки манотиқи зиёдеро дар Ироқу Сурия ба тасарруфи худ даровардааст.

Гузориш мешавад, ки дар наздикии Кубонӣ-шаҳраки муҳими марзии Сурия бо Туркия даргирии тундравҳои Давлати Исломӣ бо пешмаргаҳои курд ташдид ёфтааст.

Дар гузашта порламони Туркия амалиёт дар қаламрави Ироқу Сурияро ба тасвиб расонда буд, то бар зидди ҷудоихоҳони курд амалёт анҷом диҳад ё аз таҳдидҳои режими Димишқ пешгирӣ кунад.

Анкара то ҳол ба таври рӯшан нагуфтааст, ки чӣ тавр аз амалёти зери раҳбарии Амрико бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ ҳимоят мекунад, вале Реҷеп Тайип Эрдуғон даъват кард, ки дар марзи Туркия дар қаламрави Сурия минтақаи мамнуи парвозҳо эълон шавад ва бад-ин тариқ як хати ҳимоятӣ ба вуҷуд ояд.

XS
SM
MD
LG