Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бишкек 16 чиноиро боздошт карданд


Мақомоти интизомии Қирғизистон дар Бишкек 16 нафар шаҳрвандони Чинро барои ҳамла ба як афсари пулис боздошт карданд. Бакит Сайитов-сухангӯи Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Бишкек 2 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшудагон барои авбошӣ, ҳамла ба мақоми расмӣ ва расонидани осеб ба моликияти шахсӣ муттаҳам дониста мешаванд.

Ба гуфтаи Сайитов, чиноиҳо, ки командони сохтмон мебошанд, 30 сентябр дар маркази шаҳри Бишкек ба як корманди пулис ҳамла бурдаанд. Бино ба гузоришҳо, онҳо дар аснои ҳамла сархуш будаанд.

2 октябр додгоҳи Бишкек тасмим хоҳад гирифт, ки онҳоро ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол диҳанд ё хайр.

XS
SM
MD
LG