Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел аз Путин хост, ки ба ҷудоихоҳон таъсир расонад


Ангела Меркел

Ангела Меркел

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон мегӯяд, Русия масъулият дорад, ки аз нуфузи худ ба ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина истифода кунад. Вай ин нуктаро дар ҷараёни гуфтугӯи телефонии худ бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 1 октябр матраҳ кард.

Бино ба гуфтаи сухангӯи ҳукумати Олмон, ҳар ду раҳбар изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҳар рӯз дар Украина аз нооромӣ истифода мешавад.

Меркел гуфт, ки марзи миёни Украинаву Русия ба назорат ниёз дорад ва САҲА метавонад дар ин кор нақши бузург бозӣ кунад. Вай гуфт, ки кишвараш ҳамчунон аз намояндагии ин созмон дар Украина ҳимоят мекунад. Вай афзуд, ки Олмон метавонад дар барномарезиҳои интихоботи маҳаллӣ дар атрофи Донетску Луҳанск нақши муҳим дошта бошад.

Ҷенс Столтенберг-Дабири кулли нави паймони НАТО пештар гуфт, ки имкони оташбас дар Украина вуҷуд дорад, вале Русия ҳанӯз метавонад вазъро ноором кунад.

XS
SM
MD
LG