Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷенс Столтенберг дар курсии Дабири кулли Паймони НАТО Андерс фог Расмуссенро иваз кард.

Ҷенс Столтенберг, раҳбари тозатаъини НАТО, рӯзи 1 октябр изҳор намуд, ки созиши оташбас дар Украина маънои онро надорад, ки Русия аз ноором кардани авзоъ дар шарқи ин кишвари ҳамсояаш даст мебардорад. Ӯ дар нахустин нишасти хабарии худ ба ҳайси Дабири кулли НАТО дар Брюссел гуфт, ки Русия бояд ба меъёрҳову қонунҳои байнулмилалӣ арҷ гузорад. Аз ин пеш ӯ фақат як бор, баъди эълони таъин шуданаш дар мақоми Дабири кулли НАТО, дар робита ба бӯҳрони Украина изҳори назар карда гуфта буд, ки ширкати низомиёни Русия дар ҷангҳо дар шарқи Украина ғайри қобили қабул аст.

Ҷенс Столтенберг, нахуствазири пешини Норвегия, аз рӯзи чаҳоршанбе расман ба ифои вазифаи Дабири кулли НАТО шурӯъ кард. Ӯ раиси пешини Паймон Андерс фог Расмуссенро дар ҳоле иваз мекунад, ки НАТО барои хурӯҷи нерӯҳояшон аз Афғонистон омодагӣ мегирад ва бӯҳрони Украина робитааш бо Русияро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Андерс фог Расмуссен аз 1 августи соли 2009 Дабири кулли Паймони НАТО буд. Ҷенс Столтенберг дар ҳоле дар курсии Дабири кулли НАТО менишинад, ки Паймон барои хурӯҷи нерӯҳояшон аз Афғонистон омодагӣ мегирад ва бӯҳрони Украина робитааш бо Русияро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Ҷенс Столтенберг, раиси пешини Ҳизби кори Норвегия, моҳи сентбяри соли 2013, баъд аз ҳашт соли раҳбарии ҳукумат, аз мақомаш канор рафт. Ҳангоми нахуствазирии ӯ Норвегия низомиёнашро ба ҳайати нерӯҳои НАТО дар Афғонистон шомил кард ва ҳавопаймоҳояш дар назорати ҳарими ҳавоии мамнӯъ барои парвози Либия ширкат карданд. Ҷенс Столтенберг соли 2010 дар Маскав зери санади муштараке имзо кард, ки ба баҳси 40-солаи Русияву Норвегия дар мавриди марзҳои баҳрӣ хотима гузошт.

Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарон посухи он суолро меҷӯянд, ки оё баъд аз тағйири раҳбари НАТО муносибати ин Паймон бо Русия ҳам тағйир хӯрд ё хайр, ба вижа, ки НАТО замонати амнияти кишварҳои зиёдеро бар дӯш дорад ва бӯҳрони Украина бархе аз кишварҳои ҳамсояи Русияро аз имкони рӯй додани низоъ бо Маскав нигарон кардааст. Павел Фелгенгауэр, коршиноси масоили низомии муқими шаҳри Маскав мегӯяд, ки робитаҳои миёни НАТО ва Русия баъд аз ҳаводиси Украина сард ва баъдан мунҷамид шуданд ва ҳарду ҷониб барномаҳои муштараку ҳамкориҳои низомиро тақрибан пурра мутаваққиф кардаанд.

Павел Фелгенгауэр мегӯяд, ки ӯ ба беҳбуди робитаҳои НАТО-ву Русия баъди раҳбари НАТО таъин шудани Столтенберг зиёд хушбин нест.
"Муносибати миёни Русия ва НАТО дар асл тақрибан мунҷамид шудаанд. Ва айни ҳол ҳеҷ имкони шикасти ин яхи нобоварӣ миёни онҳо ба чашм намерасад, баръакс дар оянда шояд вазъ бадтар шавад. Русия ҳама риштаҳои робита бо олами Ғарбро меканад, бо НАТО бошад ин риштаҳо кайҳо канда шудаанд". Таҳлигар меафзояд, ки "ҳоло дар дафтари НАТО дар Брюссел намояндагии Русия боқӣ мондааст, аммо он ҷо робитаҳо аз табодули афкор дар ин ё он бора бештар нест. Ва он ҳам шояд қатъ шавад". Аз нигоҳи Павел Фелгенгауэр, "Русия ҳамеша талош мекард, ки робитаҳояш бо олами Ғарбро на тавассути НАТО ва ҳатто на тавассути Комиссиюни Аврупо ба роҳ монад, ҳарчанд Комиссиюни Аврупо дар қиёс бо Котиботи НАТО соҳибқудрат аст ва ваколати тасмимгириро дорад. Котиботи НАТО бошад ниҳоди зиёд муҳим нест ва он бештар як сохтори ҳамоҳангсоз аст ва на соҳибқудрат. Русия ҳам замони шӯравӣ ва ҳам баъд аз он ба робитаҳои дуҷониба бартарӣ медод".

Таҳлилгари рус меафзояд, Маскав ҳоло бо Комиссиюни Аврупо ҳамкорӣ мекунад, "зеро дар он ҷо мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла, масоили марбут ба газ ва марбут ба гази Украина, баррасӣ мешаванд, яъне бо вуҷуди сардии робитаҳо мавзӯъҳо барои гуфтугӯ бо комиссарҳои Комиссиюни Аврупо боқӣ мондаанд, бо Дабири кулли НАТО бошад, алҳол мавзӯе барои баррасӣ намондааст".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG