Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷенс Столтенберг дар курсии Дабири кулли НАТО менишинад


Ҷенс Столтенберг
Ҷенс Столтенберг

Ҷенс Столтенберг, нахуствазири собиқи Норвегия, аз 1 октябр расман ба ифои вазифаи Дабири кулли Паймони НАТО шурӯъ мекунад. Сиёсатмадори 55-сола раиси пешини Паймон Андерс фог Расмуссенро дар ҳоле иваз мекунад, ки НАТО барои хурӯҷи нерӯҳояшон аз Афғонистон омодагӣ мегирад ва бӯҳрони Украина робитааш бо Русияро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Ҷенс Столтенберг, раиси пешини Ҳизби кори Норвегия, моҳи сентябри соли 2013, баъд аз ҳашт соли раҳбарии ҳукумат, аз мақомаш канор рафт. Ҳангоми нахуствазирии ӯ Норвегия низомиёнашро ба ҳайати нерӯҳои НАТО дар Афғонистон шомил кард ва ҳавопаймоҳояш дар назорати ҳарими ҳавоии мамнӯъ барои парвози Либия ширкат карданд.

Ҷенс Столтенберг соли 2010 дар Маскав зери санади муштараке имзо кард, ки ба баҳси 40-солаи Русияву Норвегия оид ба марзҳои баҳрӣ хотима гузошт. Дар яке аз охирин изҳороташ ӯ эълом дошт, ки ширкати низомиёни Русия дар ҷангҳо дар шарқи Украина ғайри қобили қабул аст.

Андерс фог Расмуссен аз 1 августи соли 2009 Дабири кулли Паймони НАТО буд.

XS
SM
MD
LG