Пайвандҳои дастрасӣ

Наҷотбахшон ҷасади боз 5 қурбонии вулқонро ошкор карданд


Наҷотбахшони ҷопонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар вулқони Онтакэ ҷасади боз панҷ нафари дигарро пайдо карданд. Баъди тайиди расмии марги онҳо аз сӯи табибон шумораи қурбониёни вулқон ба 48 нафар мерасад.

Дар амалиёти наҷот дар кӯҳи Онтакэ 1100 корманди полису сухторнишонӣ ва сарбозони ҷопонӣ ширкат доранд. Гуфта мешавад, ки онҳо баъзе аз ҷасадҳоро дар дохили меҳмонсарои канори вулқон пайдо карданд, баъзеҳо зери қабати бузурги хокистар мондаанд.

Вулқони кӯҳи Онтакэ рӯзи 27 сентябр ғайриинтизор ба оташфишонӣ шурӯъ кард. Он лаҳзаҳо тақрибан 250 нафар дар наздикиҳои вулқон буданд ва бештари онҳо зуд ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Кӯҳи Онтакэ 3067 метр баландӣ дорад ва дар байни музофотҳои Нагано ва Гифу ҷойгир аст. Бори ахир ин вулқон ҳафт сол пеш фаъол шуда буд.

XS
SM
MD
LG