Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сухани охирини Радован Караҷич дар Додгоҳи Ҳейг


Радован Караҷич, раҳбари пешини сербҳои Боснӣ, рӯзи 1 октябр дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Ҳейг ё Гаага барои охирин бор суханронӣ хоҳад кард. Караҷич, ки аз хизмати вакили дифоъ даст кашидааст, дар ҷиноёти сангин, аз ҷумла наслкӯшӣ айбдор мешавад. Марҳалаи ниҳоии бозрасии парвандаи раҳбари пешини сербҳои Боснӣ рӯзи 29 сентябр шурӯъ шуд.

Додситонҳои додгоҳ Караҷичро “нерӯи таҳрикдиҳанда”-и кушторҳои қавмӣ ҳангоми ҷанги Боснӣ дар солҳои 1992-1995 номиданд ва изҳор карданд, ки ӯ масъули ҳама ҷиноёти дар ин солҳо содиршуда аст.

Айбдоркунанда талаб дорад, ки Радован Караҷич барои ҷиноёт алайҳи башарият ва ҷиноёти низомӣ, барои даст доштан дар қатли оми беш аз 7 ҳазор мусалмонҳои шаҳри Сребренитса дар соли 1995 ба ҳабси абад маҳкум карда шавад.

Радован Караҷичи 69-сола ва фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Боснӣ Ратко Младич, ки парвандаи ӯ аз сӯи Додгоҳи Ҳейг оид ба Югославияи собиқ алоҳида бозрасӣ мешавад, гуноҳи худро ба гардан нагирифтаанд ва изҳор намуданд, ки ҳадафи онҳо – дифоъ аз мардуми серби муқими Боснӣ буд.

Радован Караҷич соли 2008, баъди 13 соли фирор дар Сербия боздошт ва ба Гаага истирдод шуд.

XS
SM
MD
LG