Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дулан” ҷони Мухлисаву Шукронаро гирифт


Мухлиса ва Шукрона Муродалиеваҳо, ки яке 2 ва дигаре 10 сол доштаанд, ҳангоми бархӯрдани мошини борбари тамғаи “Дулан” ба девори хонаашон ҷон бохтаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса 26 сентябри соли ҷорӣ дар деҳаи Шафақи ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, дар натиҷаи он Аюббек Муродалиеви 4-сола бо ҷароҳати вазнин ба беморхона интиқол ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи “Дулан” Аслидин Юсуфов, сокини ноҳияи Бохтар буда, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст. “Аввал ба дарахти канори роҳ ва сипас ба манзиле бармехӯрад, ки дар пайи он ду кӯдак ҷон бохта, як кӯдаки дигар сахт ҷароҳат бардоштааст”,-гуфт мусоҳиби мо аз ВУД.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ронандаи “Дулан” бо мошинҳои дигар дар маҳаллаи Шафақ, ки деҳаи серодам аст, сабқат доштааст ва бинобар суръати тез умури мошини вазнинро аз даст дода, ба дарахти лаби роҳ бармехӯрад ва девори хонаро шикаста, дохили он мешавад. Ба қавли сокинони ин деҳа, мошини “Дулан” ба яке аз корхонаҳои истеҳсоли сангу хоки атрофи ҷамоати Коммунизми ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ доштааст.

Падару модари Мухлисаву Шукрона ва Аюббек, ки дар Русия машғули кор ва дарёфти рисқу рӯзӣ будаанд, бо шунидани ин хабар ба Тоҷикистон омадаанд.

XS
SM
MD
LG