Пайвандҳои дастрасӣ

65 соли Чин, номаи Раҳмон ва орзуи саломатӣ ба Ҷинпин


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли паёме 65-умин солгарди таъсиси ҷумҳурии Чинро ба ҳамтояш Сӣ Ҷинпин, ки ҳамагӣ бист рӯзи пеш дар меҳмонияш буд, табрик гуфта, аз муносибати неки Душанбеву Пекин тавсиф намудааст. Оқои Раҳмон аз он изҳори хушнудӣ кардааст, ки Чини, ба қавли ӯ, дӯст дар тӯли шаст соли гузашта рушд карда, дар арсаи ҷаҳон эътибори шоиста ҳам касб намудааст. “Мо ч ун дӯстони нек аз ин дастовардҳо ҳамроҳи Шумо аз таҳти дил шод мегардем”,-омадааст дар паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома муносибати неку дӯстона бо Чинро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ донистааст. Ӯ гуфтааст, “эъломияи ба қарибӣ имзокардаи мо дар бораи густариши муносибатҳои мушорикати стратегӣ ва Барномаи қабулшудаи ҳамкорӣ то соли 2020 аз ин шаҳодат медиҳад.” Оқои Раҳмон аз Ҷинпин барои саҳмаш дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳам миннатдорӣ баён кардааст: “Аз ин имконият истифода бурда, мехоҳам бори дигар қайд намоям, ки Тоҷикистон нияти қатъӣ дорад, бахшҳои ҳамкориро бо Чин, ки ҷавобгӯи манофеи асосии ҳар ду давлату халқҳо ва ҳифзи амнияту суботи минтақа аст, рушду густариш бахшад.” Дар охир раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои чинияш “тансиҳатии бардавом, саодат ва дар ҳамаи ибтикорот баҳри шукуфоии Чини бузург муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти он сулҳу беҳбудӣ ва шукуфоиро” орзу намудааст.

XS
SM
MD
LG