Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз мувофиқатномаи амниятӣ истиқбол кард


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз имзои мувофиқатномаи амниятии миёни Афғонистону Амрико истиқбол кард ва онро дар ҳамкориҳои минёни ду кишвар “рӯзи таърихӣ" номид.

Ин мувофиқнатномаи деринтизоррои миёни ду кишварро Ҳаниф Атмар-мушовири амнияти миллии Афғонистон ва Ҷеймс Каннигҳам-сафири Амрико дар Афғонистон аз номи ҳар ду кишвар 30 сентябр дар Кобул ба имзо расонданд.

Акнун ин қарордод имкон медиҳад, ки баъд аз 31 декабри соли ҷорӣ, яъне баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон дар ин кишвар тақрибан 10 000 нафар низомиёни Амрико боқӣ бимонанд.

29 сентябр сухангӯи Ашарф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон таъйид кард, ки бо вуҷуди худдории Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури пешин аз имзои ин мувофиқатнома он ба имзо хоҳад расид.

Чунин мувофиқатномаи амниятӣ бо паймони НАТО низ имзо мешавад. Дар он сурат 4 то 5 ҳазор нируи дигар, ки аксари онҳо аз Британияву Олмон ва Италияву Туркия хоҳанд буд, дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Онҳо низ мисли сарбозони амрикоӣ дар ҷангҳо ширкат намекунанд.

XS
SM
MD
LG