Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 13 "Мерседес"-у "БМВ"-и дуздӣ ҳангоми интиқол ба Тоҷикистон


Пулиси Латвия мегӯяд, дар пайи амалиёти “Архимед” 13 мошини гаронбаҳоеро боздошт кардаанд, ки аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дуздида шуда, дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон будаанд.

Андрей Гришин, сардори пулиси криминалии Латвия, ба расонаҳо гуфтааст, 11-тои ин мошинҳоро дар Даугавпилсе пайдо кардаанд: “Дастандаркорон алакай мошинҳоро дар қатор бор карда буданд. Ба гуфтаи, муфаттиш, онҳо бояд ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд.”

Ин мошинҳои дуздӣ, ки аксари онҳо навъи BMW, Mercedes ва Lexus мебошанд, ба шаҳрвандони Олмон, Шветсия, Лаҳистон ва Латвия тааллуқ доштаанд. Дар робита ба ин қазия як нафар дар Даугавпилсе боздошт шудааст.

Рӯзномаи олмонии Bild дар поёни соли 2013 навишт, ки наздик ба 200 мошини дар Олмон рабудашуда дар Тоҷикистон, дар дасти аҳли хонавода ва дӯстони президент Эмомалӣ Раҳмонанд ва мақомоти Душанбе аз ҳамкорӣ ҷиҳати таъқиб ва баргардондани ин мошинҳо сарпечӣ мекунанд. Дар он матлаб гуфта мешуд, вақте мақомоти Тоҷикистон ба дархости таҳқиқи муштараки қазия посух надоданд, вазири адлияи Берлин Томас Ҳейлман ба вазири вақти умури хориҷии Олмон Гвидо Вестервелле нома навишт, ки “аксари мошинҳо дар дасти афроде ҳастанд, ки бо хонаводаи президенти Тоҷикистон равобити ҳамкорӣ ё хешовандӣ доранд."

Дар пайи нашри он матлаб сафири вақти Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов гуфта буд, ки фарзияи матбуоти олмон “ба ҳақиқат наздик нест.” Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва вазорати умури дохила низ кашф шудани 127 мошини дуздӣ дар қаламрави кишвар дар 3 соли охирро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ягон мавриди ба “аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ ва хешовандони наздик ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” тааллуқ доштани ин мошинҳои дуздӣ ошкор нашудааст."

XS
SM
MD
LG