Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобулу Вашингтон мувофиқатномаи амниятиро имзо карданд


Маросими имзо
Маросими имзо

Амрико ва Афғонистон мувофиқнатномаи деринтизори амниятии миёни ду кишварро имзо карданд. Ҳаниф Атмар-мушовири амнияти миллии Афғонистон ва Ҷеймс Каннигҳам-сафири Амрико дар Афғонистон ин қарордодро аз номи ҳар ду кишвар 30 сентябр дар Кобул ба имзо расонданд.

Акнун ин қарордод имкон медиҳад, ки баъд аз 31 декабри соли ҷорӣ, яъне баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон дар ин кишвар 10 000 нафар низомиёни Амрико боқӣ бимонанд.

29 сентябр сухангӯи Ашарф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон таъйид кард, ки бо вуҷуди худдории Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури пешин аз имзои ин мувофиқатнома он ба имзо хоҳад расид.

Кобул интизор аст, ки чунин мувофиқатномаи амниятӣ бо паймони НАТО низ имзо шавад. Дар он сурат 4 то 5 ҳазор нируи дигар, ки аксари онҳо аз Британияву Олмон ва Италияву Туркия хоҳанд буд, дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Онҳо дар ҷангҳо ширкат намекунанд.

XS
SM
MD
LG