Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе раҳбарони гумрук боздошт шуданд


Як манбаъ дар мақомоти интизомии Узбакистон ба матбуот хабар додааст, ки раҳбарони гумруки вилояти Тошканд барои ришвахорӣ боздошт шудаанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ хадамоти вижаи Узбакистон чанд нафар аз командони боломақоми Раёсати кумитаи гумруки вилояти Тошкандро боздошт кардаанд ва бар зидди онҳо парванда боз шудааст.

Хабаргузории Интерфакс аз қавли ин манбаъ навиштааст, ки кормандони гумрук ҳангоми гузаштан аз марз аз соҳибкорону, шаҳрвандон ва ҳамчунин ҳангоми таини касе ба мақом ришва меситонидаанд. Барои ҷамъоварии ришва онҳо гурӯҳе ташкил кардаанд, ки ҳоло аз он гурӯҳи ҷиноятӣ ном бурда мешавад.

Моҳи июни соли ҷорӣ низ дар ҷараёни як амалиёти вижаи Хадамоти Амнияти Миллӣ ё СНБ барои пешгирӣ аз вуруди колоҳои қочоқӣ ба Узбакистон тақрибан 100 нафар кормандони зинаҳои мухталифи гумрук боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG