Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони барномаи муҳоҷират ба Амрико (DV) ва ҳушдори сафорат


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо пахши баёнияе эълон кардааст, ки сабти номи иштирокчиёни барномаи муҳоҷират (DV) барои соли 2016 рӯзи чоршанбе оғоз меёбад, аммо ҳамзамон сокинони кишварро огоҳ кардааст, ки ба доми фиребгарон наафтанд. Зеро, ба қавли масъулони сафорат, Иёлоти Муттаҳида ҳеч мушовир ё хадамоти махсусеро барои роҳандозии барномаи DV киро намекунад. “Миёнаравон ва онҳое, кӣ хизмати худро барои мусоидат дар барномаи DV пешниҳод менамоянд, бе иҷозат ва бе огоҳии ҳукумати Амрико фаъолият мекунанд. Масъулияти истифода аз хидмати миёнаравҳо ҳангоми тайёр намудани ҳуҷҷатҳои барномаи DV пурра ба дӯши худи иштирокчиёни барнома аст. Мо суботкорона ба иштирокчиён тавсия медиҳем, ки аризаи барномаи DV-ро бе харҷу ёрии нозарур пур кунанд”,-омадааст дар баёнияи сафорат.

Шӯъбаи консулии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, дар бораи огоҳиҳои қалбакии барномаи DV, ки тавассути почтаи электронӣ ба шаҳрвандони кишвар ирсол шуда, дар ивазаш маблағ мехоҳад, хабардор аст: “Ин навъи қаллобӣ на фақат дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Барои дастрас намудану пур кардани аризаи электронии барномаи DV пул ситонда намешавад.”

Ин манбаъ мегӯяд, ҷараёни сабтиноми иштирокчиёни барномаи муҳоҷират ба Амрико 3 ноябри соли 2014 ба анҷом хоҳад расид. “Иштирокчиён бояд дар вақти бақайдгириашон аризаи худро истифода аз шакли электронии DV (E-DV), ки дар сомонаи www.dvlottery.state.gov дастрас аст, пешниҳод намоянд. Баъд аз пур кардани аризаи DV ҳама иштирокчиён бояд саҳифаи тасдиқи онлайнро чоп карда, онро барои тафтиши ояндаи вазъи аризаашон нигоҳ доранд. Аризаҳое, ки баъд аз мӯҳлати бақайдгирӣ ё ба таврӣ қоғазӣ пешниҳод мегарданд, қабул карда намешаванд. Қонунгузорӣ фақат як аризаро аз як шахс дар давоми мӯҳлати бақайдгирӣ иҷозат медиҳад”,-таъкид шудааст дар баёнияи сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Ба қавли манбаъ, номзадҳое, кӣ беш аз як ариза пур кардаанд, аз ширкат дар барномаи DV маҳрум мешаванд. “Ахбороти барномаи DV-2016 то 30 июни соли 2016 тавассути Санҷиши вазъи иштирокчӣ дастрас хоҳад буд. Ҳама иштирокчиён бояд рақами тасдиқи аризаашонро то 30 сентябри соли 2016 нигоҳ доранд, новобаста аз он ки онҳо аз аввал интихоб шуданд ё не. Ҳамаи раводиди муҳоҷират барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла раводиди барномаи DV, дар сафорати Амрико дар Қазоқистон коркард карда мешаванд”,-гуфта шудааст дар баёния.

XS
SM
MD
LG