Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 АКС: Рӯзи шикастҳо дар Бозиҳои Осиё


Варзишгарони тоҷик рӯзи 29 сентябр дар Бозиҳои 17-уми Осиё дар сабқатҳо дар 3 навъи варзиш ширкат карданд, вале ягон медал ба даст наоварданд.

29 сентябр боз як рӯзи шикастҳо барои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё шуд. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи даҳуми мусобиқоти Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи ҷанубӣ дар се сабқат дар 3 навъи варзиш ширкат карда, вале ягон медал ба даст наоварданд.

Рӯзи 29-уми сентябр боз се варзишгари тоҷик дар риштаи гуштии озод рақобат карданд. Баҳодур Қодиров дар вазни то 86 кг нахуст бар Суод Алаа Абуснаина (Фаластин) бо ҳисоби 4-0, баъдан бар Юсуф Мелеҷаев (Туркманистон) бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд, вале дар даври ниманиҳоӣ аз Есбулат Нурзумбоев (Қазоқистон) бо ҳисоби 4-14 шикаст хӯрд. Баҳодур барои медали биринҷӣ шоми душанбе бо Умедҷон Усмонов (Узбакистон) рақобат карда, бо ҳисоби 1-4 мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми 5-умро касб намуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Фарҳоди Усмонзода дар вазни то 61 кг дар даври аввал бар Исмоил Алӣ Аҳмад Салоҳ (Яман) бо ҳисоби 10-0 ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Баҷранг (Ҳиндустон) бо ҳисоби 7-17 мағлуб гашт ва барои роҳ ёфтан ҷиҳати дарёфти медали биринҷӣ аз Тувшинтулга Туменбилег (Муғулистон) бо ҳисоби 0-8 ноком шуд.

Намояндаи охирини Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод Азамат Сӯфиев дар вазни то 74 кг дар нахустин қувваомоияш бар Тун Зав Минт (Мянмар) бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард, вале баъдан аз Дайсуке Шимада (Ҷопон) бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд.

Рӯзи душанбе, инчунин, варзишгарони тоҷик дар риштаи софт теннис дар сабқати инфиродӣ ноком шуданд. Неъматулло Раҷабалиев аз рақибонаш - Такуя Катсура (Ҷопон), Хёнчунг Ким (Кореяи ҷанубӣ) ва Тинг Чун Лин (Тайван) бо ҳисоби якхелаи 0-4 мағлуб гашт. Мирҳусейн Яҳёев низ аз Колчи Нагае (Ҷопон), Догҳон Ким (Кореяи ҷанубӣ) ва Тси Ю Лин (Тайван) бо ҳисоби яксони 0-4 шикаст хӯрд.

Дар сабқати варзиши сабук дар бисёрҳарба Кристина Пронженко дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 2:21:30 дар байни 12 нафар дувум, дар ҷаҳидан ба дарозӣ бо натиҷаи 5,51 метр 6-ум шуд, вале дар намудҳои дигар (ҷаҳидан ба баландӣ, давидан ба масофаҳои кӯтоҳ, 100 ва 200 метр) ҷойҳои охиринро гирифт.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар 10 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи ҷанубӣ дар12 намуд - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гуштии озод, дзюдо, камонварӣ, софт теннис, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ - ширкат карда, 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров , варзишгари маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ ба шумор меравад. Дилшод Назарови 32-сола барои севумин бор дар Бозиҳои осиёӣ ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм рақибонаш Улуғмон Маматов аз Қирғизистон, Ихтиёр Наврӯзов аз Узбакистон ва Томотсугу Ишида аз Ҷопонро шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар даври ниҳоӣ аз Ёгешвар Дутт аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0-1мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик боз аз рӯи бокс, варзиши сабук, гуштии юнониву румӣ, каратэ, қаиқронӣ ва таэквондо ВТФ рақобат мекунанд.

Коршиносони соҳа боз аз варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштии юнониву румӣ, таэквон-до WTF ва каратэ натиҷаҳои баландро чашмдоранд.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ то 4-уми октябр идома мекунанд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 91 варзишгар, ширкат дорад.

Баъди натиҷагирии 10 рӯзи мусобиқот мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин то кунун ҳамагӣ 238 медал – 112 тилло, 72 нуқра ва 54 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 146 медал - 44 нишони тилло, 50 нуқра ва 52 биринҷӣ – дар ҷойи дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 132 медал - 35 нишони тилло, 47 нуқра ва 50 биринҷӣ дар мақоми севуманд.

Тими Қазоқистон бо касби 53 медал (15тилло, 16 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Эрон бо касби 29 медал (10 тилло, 11 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 33 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII осиёиро ба даст овардаанд ва намояндагони 24 кишвар ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд.

Аз кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҷуз мунтахаби Қазоқистон, Узбакистон бо касби 23 медал (5 нишони тилло, 5 медали нуқра ва 13 биринҷӣ дар ҷойи 11-ум, Тоҷикистон бо касби 1 нишони тилло ва 1 медали нуқра дар ҷойи 21-ум, Қирғизистон бо касби 2 медали нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи 26-ум ва Туркманистон бо касби 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи 28-ум қарор доранд.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ ҳудуди 9500 варзишгари 45 кишвар барои 439 маҷмӯи медалҳо оид ба 36 риштаи варзиш ва 48 намуд сабқат мекунанд. Шумораи аз ҳама зиёди варзишгарон дар ҳайати мунтахаби Чин – 888 нафар – иштирок доранд. Ба ҳайати мунтахаби мизбонон – Кореяи Ҷанубӣ 829 варзишгар шомил аст. Баъдан мунтахаби Ҷопон бо шумули 717 варзишгар ва Тайланд – 518 варзишгар ба Инчон омадаанд.

Теъдоди варзишгарон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин аст: Қазоқистон – 410, Узбакистон – 289, Қирғизистон – 115, Тоҷикистон – 91, Туркманистон – 80. Инчунин дар ин бозиҳо аз Эрон 281 ва аз Афғонистон 71 варзишгар ширкат доранд.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ XVII ОСИЁӢ ДАР ИНЧОНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

30 сентябр (сешанбе)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -74 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -49 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -59 кг, -98 кг. 13:00-17:00

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 200 м. Мардон. 19:45-22.05

Давидан, 800 м. Мардон. 20:40-22.05

1 октябр (чоршнбе)

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -66 кг, -130 кг. 13:00-17:00

19:00-21:00

ТАЭКВОНДО. Мардон. -80 кг, +87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -57 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

2 октябр (панҷшанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Doubles) 09:00-14:30

ТАЭКВОНДО. Мардон. -63 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

3 октябр (чумъа)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -54 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

КАРАТЭ. Мардон. Кумитэ. -60 кг. 11:50-16:50. Занон. +73 кг

Эзоҳ: агар варзишгарон ва дастаҳо ба даври баъдӣ роҳ ёбанд, он гоҳ аз рӯи ҷадвали Бозиҳои XVII осиёӣ сабқатро идома медиҳанд. Замони баргузории мусобиқот ба вақти маҳаллист.

Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ

XS
SM
MD
LG