Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мулоқоти Шӯрои Русияву Амрикоро бекор кард


Яке аз кумитаҳои порламонии Русия ба нақша гирифтааст, ки моҳи оянда мулоқоти Шӯрои тиҷоратии Русияву Амрикоро бойкот кунад. Ин мулоқот моҳи оянда дар Амрико дар назар гирифта шудааст.

Рӯзномаи “Известия”-чопи Маскав аз номи Владимир Ҷабборов-иҷрокунандаи мақоми раиси Кумитаи умури байналмиллалии порламон дар Шӯрои Федератсия 30 сентябр гуфт, ки мулоқоти ба нақшагирифтаи 14-15 октябр бойкот карда мешавад.

Ҷабборов гуфтааст, ки ин тасмим бо пешниҳоди вазорати корҳои хориҷа гирифта шудааст. Ба гуфтаи вай, ин ҷавобе ба таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия барои Украина будааст.

XS
SM
MD
LG