Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон як гурӯҳи занонро ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнуи исломӣ боздошт кардаанд. 30 сентябр вазорати корҳои дохилаи ин кишвар гуфт, ки 7 зани аз 20 то 25 сола дар ҷараёни амалиёти вижа дар ноҳияи Нукен боздошт шудаанд.

Пулис мегӯяд, далелҳо нишон медиҳад, ки ин занон дар фаъолиятҳои Ҳибуттаҳрир ширкат доштаанд ва аз миёни аҳолии маҳаллӣ одамонро ба ин ҳизб ҷалб мекардаанд.

Ситоди Ҳизбуттаҳрир дар Лондон ҷой гирифтааст ва ҳадафаш муттаҳид сохтани мусулмонон дар давлате бо номи хилофати исломӣ мебошад. Ҳукумати Қирғизистон фаъолияти ин ҳизбро дар қаламрави худ мамнуъ эълон кардааст. Ин ҳизб дар ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ низ иҷозаи фаъолият надорад.

XS
SM
MD
LG