Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз ғарби Қазоқистон боздид мекунад


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин–раиси ҷумҳури Русия ба нақша гирифтааст, ки 30 сентябр ба шаҳри Атурай-воқеъ дар ғарби Қазоқистон сафар кунад ва дар ҳамоиши минтақаҳои марзии миёни Русияву Қазоқистон ширкат ҷӯяд. Юрий Ушаков-мушовири раиси ҷумҳури Русия гуфт, Путин бо Нурсултон Назарбоев-ҳамтои қазоқи худ дар ҳошияи ин ҳамоиш мулоқот хоҳад кард.

Интизор меравад, ки Путин ва Назарбоев ҳамкориҳо, муносиботи дуҷониба ва омодагӣ ба музокироти чандҷонибаи 10 октябр дар Минскро баррасӣ кунанд. Дар музокироти Минск масъалаи Иттиҳодияи Гумрукӣ ва Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё баррасӣ мешавад.

Русияву Қазоқистон ва Беларус узви Иттиҳодияи Гумрукӣ мебошанд ва ба ҷои ин иттиҳодия қарор аст аз якуми январи соли 2015 Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё ба фаъолият шуруъ кунад.

XS
SM
MD
LG