Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову Афғонистон қарордоди амниятиро имзо мекунанд


Интизор меравад, ки 30 сентябрАмрико ва Афғонистон қарордоди амниятиро имзо кунанд. Имзои ин қарордод аз муддатҳо тӯл мекашид. Ин қарордод имкон медиҳад, ки баъд аз 31 декабри соли ҷорӣ, яъне баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон дар ин кишвар 10 000 нафар низомиёни Амрико боқӣ бимонанд.

Сухангӯи Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон 29 сентябр таъйид кард, ки ин қарордод имзо хоҳад шуд, бо вуҷуди он ки Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури пешин аз имзои он даст кашида буд.

Хонум Ҷен Псаки-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Ҷеймс Каннигам-сафири Амрико дар Афғонистон баъд аз як рӯзи маросими ёд кардани савганди раиси ҷумҳури Афғонистон ин қарордодро бо Ашраф Ғанӣ дар Кобул имзо мекунад.

Интизор меравад, ки Кобул ҳафтаи ҷорӣ бо паймони НАТО низ чунин қарордод ба имзо расонад. Ин қарордод боқӣ мондани 4 то 5 ҳазор нируро пешбинӣ мекунад, ки аксари онҳо аз Британияву Олмон ва Италияву Туркия хоҳанд буд ва онҳо дар ҷангҳо ширкат намекунанд.

XS
SM
MD
LG