Пайвандҳои дастрасӣ

Гум шудани Беҳрӯзи 8-сола дар Душанбе ва ҷустуҷӯи волидонаш


Беҳрӯзи ҳаштсола

Беҳрӯзи ҳаштсола

Беҳрӯзи ҳаштсола, хонандаи синфи дувуми мактаби рақами 18 дар Душанбе, чор рӯз пеш аз манзилашон берун рафта, бо ҳамин бедарак шудааст. Ҷӯрабек Акаҷонов, падари Беҳрӯз, мегӯяд, бори охир писарашро дар наздикии бинои “Шарқи озод”, маъруф ба ГЖК дидаанд. “Чор рӯз қабл мо ният доштем, ба манзили дигар кӯч бандем. Ман бору колои хонаро бурданӣ будам, ки писарам гуфт: “маро ҳам баред”. Гуфтам, ин дафъа меояму туро ҳам мебарам. Вақте бозгаштам, ӯ набуд”,-афзуд Акаҷонов. Падараи Беҳрӯзи ҳаштсола мегӯяд, ҳоло дар дасташ аксҳои писарашро дорад ва мехоҳад онро дар истгоҳҳову кӯчаҳо насб кунад. Ӯ умед дорад, ҳатман сокинон барои пайдо кардани писари кӯчакаш кумак мекунанд.

XS
SM
MD
LG