Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ анҷуманашро 16 декабр баргузор мекунад


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботияшро 16 декабри соли ҷорӣ муайян кардааст. Раёсати олии ҲНИТ қарор кардааст, барои баргузории Анҷуман расман аз ҳукумати шаҳри Душанбе толори муносиб бихоҳанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ, гуфт, ситоди омодагӣ ба интихоботи парлумонии 2015 дар ин ҷаласа бо ироаи гузориши махсус омодагияшонро ба интихобот мусбат арзёбӣ кардаанд. “Дар ҷаласа қарор қабул шуд, ки барои пешгирӣ аз тақаллуб дар интихобот ва фишорҳои эҳтимолӣ болои аъзо ва ҷонибдорон дар раванди интихобот чораҳои зарурӣ андешида шавад”,-гуфт Файзраҳмонов. Дар зимн, Ҳизби ҳокими халқӣ- демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) низ анҷумани пешазинтихоботиашро ба рӯзи 13 декабр таъин кардааст. Ин тасмим рӯзи 18 сентябр дар нишасти солонаи раёсати ҲХДТ гирифта шуд ва Усмон Солеҳ, раиси шӯъбаи иттилооти ҲХДТ, гуфт, дар анҷумани моҳи декабр бояд рӯйхати номзадҳои ҳизб ба интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2015 тасвиб шавад. Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи феврали соли оянда баргузор хоҳад шуд. Ҳоло аксар курсиҳои Маҷлиси Намояндагон дар ихтиёри Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон буда, Ҳизби наҳзати исломӣ ду ҷой дорад.

XS
SM
MD
LG