Пайвандҳои дастрасӣ

Сарони кишварҳои соҳили Хазар дар Астрахан ҷамъ омаданд


Нишасти сарони кишварҳои соҳили баҳри Хазар рӯзи 29 сентбяр дар шаҳри Астрахани Русия ифтитоҳ шуд. Дар нишаст сарони панҷ кишвар – Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Русия ва Туркманистон ширкат доранд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Илҳом Алиев, Ҳасани Рӯҳонӣ, Нурсултон Назарбоев, Владимир Путин ва Бердимуҳаммад Қурбонгулиев масоили марбут ба мақоми қонунии баҳри Хазарро баррасӣ мекунанд.

Панҷ кишвари соҳили Хазар солҳо боз барои таҳияи созиш оид ба мақоми қонунӣ ва тақсими бистари баҳр талош доранд, то бо истифода аз захоири бузурги нафту гази он миллиардҳо доллар фойида ба даст оваранд.

Созиш дар бораи тақсими бистари баҳри Хазар солҳои 1921 ва 1940 миёни Иттиҳоди шӯравӣ ва Эрон имзо шуда буд, аммо Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон мегӯянд, ки бояд санади нав бо назардошти манофеъи ҳама кишварҳо таҳия шавад.

Баҳри Хазар аз рӯи захираҳои бузурги нафту газ баъд аз Халиҷи Форс дар мақоми дуввум қарор дорад.

Нишасти Астрахан – чаҳорумин нишасти сарони кишварҳои соҳили баҳри Хазар аст.

XS
SM
MD
LG