Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи ба номи Ҳавел ба ҳомии ҳуқуқи башари озарӣ эъто шуд


Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо (ПАСЕ) ҷоизаи ҳуқуқи башар ба номи Ватслав Ҳавелро ба Анор Мамадлӣ, ҳомии ҳуқуқи башари зиндонии Озарбойҷон эъто кард.

Ба ҷуз Анор Мамадлӣ ду созмони ҳуқуқи башар ҳам ба рӯйхати ниҳоии довталабон шомил шуда буданд. Дар маҷмӯъ барои дарфёти ҷоизаи Ватслав Ҳавел соли равон 56 созмону ҳомии ҳуқуқи башар талош карданд.

Маблағи ҷоиза 79 ҳазор доллари амрикоист ва он ба нафар ё созмоне дода мешавад, ки барои дифоъ аз ҳуқуқҳои мардум талоши бештар ба харҷ додааст.

Соли гузашта ба ҷоизаи ба номи Ҳавел ҳомии ҳуқуқи башари белорус, раиси созмони мамнӯъшудаи “Весна” Алес Белятскийро лоиқ дониста буданд. Алес Белятский моҳи ноябри соли 2011 бо иттиҳоми сарпечӣ аз андоз ба чаҳору ним соли маҳбас маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG