Пайвандҳои дастрасӣ

Як зан дар номаи худ ба унвони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз он шикоят кардааст, ки баъд аз ду моҳи фаъолияташ дар ин ҳизб наметавонад дар ҷои дигар кор кунад.

Бар хилофи видеоҳои пешин дар озмуни “Иншои озод”-и торнамои “Озодӣ”, ки зиёд аз корҳои аҷибу ғариби кӯдакон қисса мекарданд, ин дафъа яке аз корбари мо -- Мавзуна Абдуллоева навореро аз суҳбати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, фиристодааст. Оқои Кабирӣ дар ин видео номаи занеро қироат мекунад, ки аз ӯ хостааст, барояш маълумотнома диҳад, ки узви ҲНИТ набуду нест.

Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, ин зан, ки барои амнияташ аз ӯ ном бурда намешавад, қаблан ҳамагӣ ду моҳ дар Ҳизби наҳзати исломӣ кор карда, акнун барои фаъолияташ дар ҷои дигар бо мушкили зиёд рӯбарӯ шудааст. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ин зан узви ҳизб набуда, танҳо ба хотири он ки ҲНИТ бар асоси қонунҳои Тоҷикистон фаъолият дорад, ду моҳ ба ҳайси мутахассис дар ҳайати онҳо кор кардааст. “Ӯ дар ҲНИТ ҳамчун мутахассис ба кор гирифта шуд, бе ягон узвият. Пас аз ду моҳи фаъолият ҷои кори хубе пайдо карда, аз ҳизб баромад. Аммо феълан ӯро дар ҷои кори нав, ки 30 ҳазор доллар харҷ намудааст, то барномаҳояшро амалӣ кунад, азият медиҳанд. Ба далели он ки ду моҳ дар ҲНИТ кор кардааст. Мегӯянд, ё корро тарк намояд ё маълумотнома орад, ки узви ҲНИТ нест”,-афзудааст ӯ.

Ин зан, ба қавли раҳбари ҲНИТ, дар номааш аз онҳо гила ҳам кардааст, ки ӯро аз паёмади кораш дар Ҳизби наҳзати исломӣ огоҳ накардаанд: “Аз Шумо барои рӯирост гуфтанам маъзарат мехоҳам, аммо қабл аз он ки нафареро дар ҲНИТ ба кор қабул менамоед, чаро огоҳ намекунед, ки дар оянда дар ҷои дигар фаъолият намуданаш мушкил мешавад ва тамоми дарҳо ба рӯяш баста мегардад, то ба ин тайёр бошад? Ман то чӣ андоза касбамро дӯст медорам, тасаввур ҳам карда наметавонед. Шумо наҳзатиҳо! Шогирдонам ба диданам муштоқанду интизори бозгаштам ҳастанд! Хеле барномаҳои муҳим доштам. Кош, дарк мекардед, наҳзатиҳо, ки ман чӣ мегӯям!”

Муҳиддин Кабирӣ дар навори видео аз чунин бархӯрд бо ҳамкорону тарафдорон ва аъзои ҳизбаш нигаронӣ карда мегӯяд, агар аб ҷои ин зан марде мешуд, ё ягон ҷиноят мекард ва ё ба “Ал-Қоида” мепайваст: “Куҷо равад ин хоҳар? Ин чӣ мусибат аст, ки болои сари миллат меорем? Агар кӯдакони ин зан бе маошу маълумоти олӣ монанд, як умр домангири наҳзат мемонад, ки ба хотири Шумо шуда аз ҳама зиндагӣ мондам. Ин мусибати сахт аст ва пеши роҳашро бояд гирем.”

Пештар аз ин ҳам, масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфта буданд, ки як гуруҳи сокинон барои дарёфти маълумотнома ба онҳо муроҷиат кардаанд. Маълумотнома дар бораи он ки ҳеч гоҳ узви ҲНИТ набуданду нестанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG