Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти наҷотбахшӣ дар кӯҳи Онтакэ мутаваққиф шуд


Наҷотбахшони ҷопонӣ амалиёт дар вулқони Онтакэро бар асари партоби газҳои заҳролуду хокистар ва рехтани сангҳои вулқонӣ мутаваққиф карданд. Онҳо рӯзи 29 сентябр, ҳарчанд аз дохили вулқон дуд баланд мешуд, ба ҷустуҷӯи одамон ва ҷасадҳо шурӯъ карданд, вале ноком шуданд.

Дар амалиёти наҷот 1100 корманди полису сухторнишонӣ ва сарбоз ширкат доранд. Ҷасади чаҳор нафар аз қурбониён рӯзи якшанбе тавассути чархбол аз минтақаи офат ба водӣ фиристода шуд ва мақомот умедворанд, ки ба зудӣ 27 ҷасади дигар ҳам аз зери хокистари вулкан берун мекунанд. Гуфта мешавад, ки баъзе аз ҷасадҳоро дар дохили меҳмонсарои канори вулқон пайдо карданд, баъзеҳо зери қабати бузурги хокистар мондаанд.

Вулқони кӯҳи Онтакэ рӯзи 27 сентябр ғайриинтизор ба оташфишонӣ шурӯъ кард. Он лаҳзаҳо тақрибан 250 нафар дар наздикиҳои вулқон буданд ва бештари онҳо зуд ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Кӯҳи Онтакэ 3067 метр баландӣ дорад ва дар байни музофотҳои Нагано ва Гифу ҷойгир аст. Бори ахир ин вулқон ҳафт сол пеш фаъол шуда буд.

XS
SM
MD
LG