Пайвандҳои дастрасӣ

Богданов: Даҳҳо рус аз тарафи "Давлати исломӣ" меҷанганд


Михаил Богданов

Михаил Богданов

Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷии Русия, иқрор кард, ки даҳҳо шаҳрвандони кишвар аз тарафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар хоки Сурияву Ироқ меҷанганд. Дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Коммерсант”, ки рӯзи 29 сентбяр нашр шуд, ӯ гуфт, ки “дар асл мо бо терроризми интернетсионалӣ сару кор дорем”.

Ба гуфтаи мансабдори рус, ба сафи “Давлати исломӣ” намояндагони 70-80 кишвари олам шомиланд, баъзе аз ҷангҷӯёни гурӯҳ шиносномаҳои кишварҳои ғарбиро доранд, ки ба онҳо имкон медиҳанд то бидуни раводид ва тафтиши иловагӣ ба давлати дилхоҳ сафар кунанд. Михаил Богданов мутмаин аст, ки ин афроди ҷангдида дар оянда барои кишварҳои худ таҳдиди ҷиддӣ хоҳанд шуд.

Хадамоти марказии кашфи ИМА рӯзи 12 сентябр теъдоди аъзои гурӯҳи “Давлати исломи”-ро 31 ҳазор нафар арзёбӣ кард. Жил де Киршев, раиси кумитаи зиддитеррори Иттиҳодияи Аврупо, охири ҳафтаи гузашта изҳор намуд, ки беш аз 3 ҳазор шаҳрванди аврупоӣ дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Ба иттилои расмӣ, дар ҷангҳо дар Сурия тақрибан 190 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG