Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

3,2 миллион доллар кумаки Амрико ба Тоҷикистон


Ҳукумати Амрико “барои дастгирӣ ва таъмини амният дар марз, ҳифзи ҳуқуқ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон” 3,2 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин кумаки Иёлоти Муттаҳида баъд аз имзои иловаҳо ба созишномаи Амрико ва Тоҷикистон дар бораи “ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳамкорӣ дар ҷодаи дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” имконпазир шуд. Иловаҳо ба созишномаи миёни Амрикову Тоҷикистонро сафир Сюзан Эллиотт ва муовини вазири умури хориҷии кишвар Озода Эмомалӣ имзо гузоштаанд.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ин кумак “имкониятҳои идораҳои ҳифзи ҳуқуқу амнияти Тоҷикистонро дар мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар вусъат дода, талошҳои Тоҷикистонро дар самти ислоҳоти милиса дастгирӣ хоҳад кард. Инчунин, ин кумак ба иқдомот дар ҷодаи волоияти қонун дар Тоҷикистон таҳким бахшида, ба ислоҳот дар факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва мунтазам гузаронидани омӯзишҳо барои ҳимоягарони парвандаҳои ҷиноӣ бо мақсади инкишофи сохтори судии Тоҷикистон мусоидат менамояд.”

Амрико мегӯяд, ҷонибдори идома додани ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини амнияту бехатарии шаҳрвандонаш аст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кумакҳои башардӯстона барои ҳимоят аз ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар ихтисос додаанд.

XS
SM
MD
LG