Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳом алайҳи хонандаи синфи 11 барои ҷашни зодрӯзаш


Як хонандаи синфи 11-уми мактаби миёна дар Хуҷанд барои ташкили зиёфати ҷашни таваллудаш дар тарабхона ба нақзи қонунҳои кишвар муттаҳам мешавад.

Кормандони пулиси Хуҷанд як сокини 17-солаи ин шаҳр - Дилшод Муҳаммадиев ва волидони ӯро, ки мехостааст рӯзи таваллудашро дар яке аз тарабхонаҳо ҷашн бигирад, барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон муттаҳам мекунанд.

Мақомот мегӯянд, ҳоло бар асоси моддаи 91-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ алайҳи Дилшоду волидонаш ва иштирокдорони ҷашни таваллуди ӯ протокол тартиб дода шуда, қазия дар дасти баррасии сохторҳои зидахл мебошад.

Ба қавли маъмурони пулис, Дилшод, ки дар синфи 11-и яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Хуҷанд мехонад ва ҳанӯз ноболиғ аст, қасд доштааст бо гуруҳи бузурги дӯстон 17-солагияшро таҷлил кунад ва ба масъулони тарабхона ҳам 400 доллар пешпардохт додааст. Дар наворе, ки дар ин бора телевизиони мустақили “СМ-1”-и шаҳри Хуҷанд пахш кард, гуфта шудааст, “зоҳиран аз ин кор волидони Дилшод огоҳӣ доштанд, вагарна чӣ гуна нафаре, ки ҳанӯз даромади молӣ надорад, метавонад дар як тарабхонаи гаронарзиш зиёфат биорояд?”

Худи Дилшод дар ин навор ба суоли маъмурони пулис посух дода аз ҷумла гуфтааст, “пули худам буд. Акоям аз Русия фиристоданд. Волидон бохабар буданд, вале монеъ нашуданд.”

Аммо дар саҳнаи дигаре аз наворҳо устодону модари ин сокини 17-солаи Хуҷанд суҳбат мекунанд ва яке мегӯяд, ин зиёфат баъд аз дарс сурат гирифтаасту дигаре ҳам мегӯяд, аз ташкили як чунин зиёфат, ки дардисарсоз шудааст, огоҳӣ надошт. “Саҳар буд, ман ӯро ба ҷашни зодрӯзаш табрик кардам. Гуфтам, пул медиҳам, то як торт гирифта, бо ҳамдарсонаш хурсандияшро тақсим кунад. Вале аз ин кораш даракам набуд”,-афзудааст модари дилшод Муҳаммадиев.

Дар ин навори телевизионӣ ҳамчунин аз раҳбарону кормандони тарабхона интиқод шудааст, бо вуҷуди он ки Дилшод ноболиғ аст, барои ташкили зиёфат ризоят додаанд. “Ин амали онҳо хилофи моддаи 14-и Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аст”,-таъкид шудааст дар навори "СМ-1".

XS
SM
MD
LG