Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Амрико бо Бунёди Оғохон ҳамкорӣ эълон кардааст


Барак Обама
Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо Бунёди Оғохон ҳамкорӣ эълон кардааст. Вай барои ҳимоят ва барқарор кардани робитаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар саросари ҷаҳон ибтикороти наверо ба унвони оғози кор пешниҳод намудааст. Ин кор тавассути Марказҳои минтақаии навовариҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Шветсия ва Бунёди Оғохон анҷом хоҳад гирифт.

Дар хабаре, ки дафтари матбуотии Кохи Сафед дар ин бора пахш кардааст, гуфта мешавад, ки дар давоми ду соли оянда дар саросари ҷаҳон 6 Маркази навовариҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил хоҳанд шуд. Ин марказҳо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкорони навро дар минтақаҳо ва дар саросари ҷаҳон ба ҳам васл мекунанд. Онҳоро бо барномаҳо таъмин мекунанд, то ба воситаҳо ва таҷҳизоте, ки ба корашон кӯмак мекунад, дастрасӣ дошта бошанд. Онҳо садои ҷомеаи шаҳрвандиро ба гӯши ҷаҳониён мерасонанд.

Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкорони технологӣ манобеи иловагии молӣ ва манобеи мисли онро фароҳам меоранд, дар ихтиёри онҳо таҷоруби фанниро қарор медиҳанд ва аҳамияти марказҳои ҷомеаи шаҳрвандиро боло мебаранд.

Бунёди Оғохон бо бисёре аз кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва дар ин кишвар намояндагии худро дорад.

XS
SM
MD
LG