Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби Баҳманёру “Сармаддеҳ”-аш бе ҳузури ӯ дар Маскав


Шаби эҷодӣ ва рӯнамоӣ аз китоби "Жыли-были в Сармаддехе"-и Баҳманёр, нависандаи шинохтаи тоҷик, бе ҳузури ӯ дар шаҳри Маскав баргузор шудааст. Ин китоб аз сӯи Хуршедаи Даврондухт аз тоҷикӣ ба русӣ баргардон шуда, моҳи июли соли ҷорӣ дар нашриёти “Китобхонаи Олжас”-и Қазоқистон ба табъ расида буд. Дар ин маҳфил, ки бахшида ба 60-солагии Баҳманёр дар Маркази илмии Китобхонаи ба номи Некрасови пойтахти Русия ҷараён гирифтааст, намояндагони илму адаби Тоҷикистону Русия иштирок ва суханронӣ кардаанд. Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15 июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омада, 60-солагияш тобистони соли ҷорӣ дар Тоҷикистон таҷлил шуд. Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби шумораи 3-и ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Панҷакент гирифтааст. Хатмкардаи риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллӣ аст.

Баҳманёр ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” ва солҳои 1983 -1985 дар Либия ба унвони мутарҷим кор кардааст. Баъд аз бозгашт ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба кор даромад ва сипас то соли 1992 мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” буд. Дар овони ҷанги дохилии Тоҷикистон чанд муддат дар зодгоҳаш – шаҳри Панҷакент – зист ва соли 2002 бо даъвати роҳбарияти Иттиҳодияи нависандагон ба Душанбе омад ва муовинати сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ”-ро бар уҳда гирифт. Ӯ муаллифи китобҳои “Ишқи сайёд” (1984), “Аспи обӣ” (соли 1988), “Дуди ҳасрат” (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), “Шоҳаншоҳ” (соли 2007), «Сармаддеҳ» (китоби дуюм, соли 2014), «Жили-были в Сармаддехе» (Алма-Ато, 2014) мебошад. Ҳоло машғули кор рӯи романи тозае бо номи рамзии “Ғӯтях” аст. Барандаи ҷоизаи ба номи Садриддин Айнист.

XS
SM
MD
LG