Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 300 нафар дар 9 моҳ бар асари садама


Мақомоти Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон мегӯянд, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар пайи садамаҳои нақлиётӣ 300 тан ҷони худро аз даст додаанд. Ба қавли масъулони БДА, ки ҳаракат дар роҳҳоро назорат мекунанд, дар ин муддат дар умум 1 ҳазору 80 садамаи нақлиётӣ рух дода, дар баробари фавтидаҳо 1 ҳазору 265 нафар ҳам захмӣ шудаанд. Соли гузашта шумораи садамаҳо ба 1 ҳазору 230 ва теъдоди фавтидагон ба 400 баробар буд. Бинобар арзёбие, ки соли 2007 анҷом шудааст, дар Тоҷикистон бар сари ҳазор нафар 37 мошин рост меояд. Аммо тайи панҷ соли охир шумораи воридоти мошин ба Тоҷикистон солона ба 40 ҳазор адад мерасид. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2012 тариби воридоти имтиёзноки мошинҳои куҳнаро ба кишвар аз байн бурд ва дар натиҷа воридоти мошин ҳам ба кишвар коҳиш ёфт. Бино ба арзёбии коршинсони соҳаи нақлиёт ба ҳисоби миёна бо зиёд шудани як мошин ба сари ҳазор нафар аҳолӣ садмаҳои нақлиётӣ до даҳ адад бештар мешаванд.

XS
SM
MD
LG