Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Озарбойҷон аз Арманистон дар СММ


Элмар Мамадёров
Элмар Мамадёров

Элмар Мамадёров-вазири корҳои хориҷаи Озарбойҷон зимни суханони худ дар Маҷмаи Умумии СММ ба Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон барои қаламравҳои баҳсбарангези Қарабоғи Кӯҳистонӣ ҳамлаи лафзӣ кард.

Мамадёров гуфт, ки Сариксян аз усули воломанишона истифода мекунад, то талошҳои кишварашро барои моли худ кардани Қарабоғ пинҳон дорад.

24 сентябр Саркисян низ зимни сухунони худ дар маҷмаи Умумии СММ аз Озарбойҷон барои Қарабоғ интиқод кард ва гуфт, Боку аз тасвиби қатънома роҷеъ ба муноқишаи Қарабоғ ҷилавгирӣ кард.

Дар посух ба ин суханони Саркисян Мамадёров нисфи суханронии 10 дақиқаии худро ба масъалаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ ихтисос дод.

XS
SM
MD
LG