Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Амрико нақши раҳбарӣ дар ҷаҳонро ҳифз хоҳад кард


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки Амрико ҳамчунон нируи аввали таъмини субот дар ҷаҳон боқӣ мемонад. 27 сентябр дар паёми ҳафтаии худ Обама гуфт, “нақши раҳбарии Амрико дар ҷаҳони муттазалзил устувору пойбарҷост”.

Обама гуфт, Амрико азми росих дорад, ки бо баъзе аз чолишҳои фишороварандаи ҷаҳон мубориза барад. Вай нақши раҳбарии Амрикоро дар ташвиқ ва анҷоми маъракаи ҳавоии байналмиллалӣ барои “комилан аз байн бурдани гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломӣ ва ҳамчунин талошҳои Амрико барои огаҳ сохтани ҷаҳониён аз “таҷовузи Русия ба Украина” хотирнишон сохт.

Обама ҳамчунин дар бораи тадбирҳои Амрико барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории эбола дар Африқои Ғарбӣ, ки аз моҳи декабр то ҳол ҷони 3 ҳазор нафарро рабудааст, сӯҳбат кард. Вай гуфт, Амрико пизишкону донишмандонро бо кӯмаки низомиёни Амрико барои кӯмак ба минтақа фиристодааст.

XS
SM
MD
LG