Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Миср эълони ҳукми Муборакро ба таъхир андохт


Ҳуснӣ Муборак

Ҳуснӣ Муборак

Мурофиаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешини Миср барои эълони ҳукми додгоҳ то 29 ноябр ба таъхир андохта шуд. Вай барои даст доштан дар куштори ширкаткунандагони эътирозҳои соли 2011 гунаҳгор дониста мешавад.

Маҳмуд Рошидӣ-қозии додгоҳ 27 сентябр гуфт, ин тасмим имкон медиҳад, ки додгоҳ барои омӯзиши парванда вақти бештар дошта бошад.

Муборак 86 сол дорад ва бо чархбол аз як шифохонаи низомӣ дар кати сафарӣ ба додгоҳ ҳозир шуд. Вай як ҷо бо 7 нафар фармондеҳони амниятии худ барои даст доштан дар куштори садҳо нафар эътирозгарон дар давоми шӯриши 18 рӯза гунаҳгор дониста мешавад.

Муборак 30 сол раҳбарии Мисрро бар уҳда дошт. Додгоҳ вайро ба ҳабси абад маҳкум карда буд, вале додгоҳи таҷдиди назар ин ҳукмро қабул накард.

XS
SM
MD
LG