Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия манбаи нави нафти сабукро кашф кард


Игор Сечин
Игор Сечин

Ширкати “Роснефт”-и Русия мегӯяд, ки дар Уқёнуси якбастаи шимолӣ дар Баҳри Кара сарчашмаи нави нафтро кашф кардааст. 27 сентябр “Роснефт” дар изҳороте эълон кард, ки захираи тақрибии ин манбаъ бештар аз 100 миллион тон нафти хоми сабукро ташкил медиҳад. Дар ин бора Игор Сечин-раиси ширкати "Роснефт" ба матбуот хабар додааст.

Дар эъломия гуфта мешавад, ки ин чоҳи нафтро “Победа” ё “Пирузӣ” номгузорӣ кардаанд ва он ҳамчунин 338 миллион метри муккааб газ дорад.

Ҳафри чоҳи Университетская-1 дар ин манбаъ бахше аз ҳамкориҳо бо ширкати нафту гази ExxonMobil-и Амрико ба шумор меравад. Нафти хоми сабук чандон ғализ нест ва аз нафти хоми вазнин гаронтар аст, зеро аз он бензин ва дизели бештар тасфия мешавад.

XS
SM
MD
LG