Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: "Ба музокироти ҳастаӣ бояд суръат бахшид"


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон аз пешрафти музокирот бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии Теҳрон изҳори норизоятӣ кард. 26 сентябр Рӯҳонӣ гуфт, ки дар чанд рӯзи ахир пешрафт дар музокирот “хеле кунд” будааст.

Вай зимни суханони худ ба хабарнигорон дар Нию Йорк дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ аз поёни мӯҳлати дастёбӣ ба тавофуқотро ёдоварӣ кард, ки то поёни моҳи ноябр пешбинӣ шудааст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, “тасмимоти ҷасурона” зарур аст ва ҳушдор дод, ки ҳеҷ тавофуқе ба даст нахоҳад омад, агар таҳримҳои байналмиллалӣ бар зидди кишвари вай комилан аз миён бардошта нашаванд.

Даври навини музокироти ҳастаии Эрон бо намояндагони Бритониёву Чин, Фаронсаву Русия ва Амрико бар иловаи Олмон 18 сентябр дар Нию Йорк оғоз ёфта буд.

XS
SM
MD
LG