Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демпсей мегӯяд, ҳамлаҳо "Давлати Исломӣ"-ро шикастааст


Мартин Демпсей
Мартин Демпсей

Як афсари баландпояи артиши Амрико гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шӯришиёни Давлати номниҳоди Исломӣ дар Сурия , ки дар оғози ҳафтаи ҷорӣ шуруъ шуда буд, тавоноии фармондеҳӣ, назорат ва танзими умури икмолотии гурӯҳи шӯришиёнро аз байн бурдааст.

Генерал Мартин Демпсей-раиси ситоди муштараки артиш 26 сентябр ба хабарнигорон гуфт, ки дар Сурия то 15 ҳазор нируи ҷангии заминӣ низ зарур аст. Ба гуфтаи вай, ин нируҳо бояд аз ҳисоби мухолифони ислоҳотталаби Сурия ташкил шаванд.

Демпсей гуфт, вай умедвор аст, ки бар зидди гурӯҳҳои шӯришӣ, ки дар Ироқу Сурия манотиқи зиёдеро ба тасарруфи худ даровардаанд, муборизаҳои сахту доимӣ анҷом хоҳад гирифт.

26 сентябр Бритониёву Белжик ва Донморк нақшаи павастан ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ироқро пазируфтанд ва эътилофи амрикоии зидди гурӯҳҳои Давлати Исломӣ тақвият ёфт. Фаронса низ дар Ироқ ба ин эътилоф пайвастааст, вале то ҳол дар Сурия аз ин кор худдорӣ мекунад.

То ҳол тақрибан 40 кишвар, аз ҷумла чанд кишвари Ховари Миёна ба эътилофи зидди Давлати Исломӣ ҳамроҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG