Пайвандҳои дастрасӣ

Дар баҳси газ миёни Маскаву Киев созиши аввалин ҳосил шуд


Украина бояд то охири моҳи октябр 2 миллиарду 200 миллион доллар ва то поёни сол боз як миллиарду 100 миллион доллари дигар барои гази Русияро пардохт кунад.

Дар ин бора масъули бахши энерҷии Иттиҳодияи Аврупо Гюнтер Эттингер рӯзи 26 сентябр баъд аз анҷоми музокироти сеҷонибаи Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва Украина оид ба баҳси газ дар шаҳри Берлин хабар дод.

Тасмим дар бораи қарзи боқимондаи Украина, ки 4,5 миллиард долларро ташкил медиҳад, баъд аз қарори додгоҳи арбитражии Стокҳолм гирифта хоҳад шуд.

Қимати муваққати гази Русия барои Украина 385 доллар барои ҳазор метри мукааб боқӣ мемонад. Ба гуфтаи Эттингер, ширкати “Газпром”-и Русия ба Украина дар шакли пешпардохт 5 миллиард метри мукааб газ интиқол хоҳад дод.

Созишҳои ахиран дар Берлин ҳосилшуда бояд рӯзҳои душанбе ва сешанбе аз тарафи Маскав ва Киев тасдиқ шаванд, дар поёни ҳафтаи оянда бошад дар пойтахти Олмон протоколи ҳатмӣ имзо хоҳад шуд.

Ширкати “Газпром”-и Русия аз 16 июн интиқоли газро ба Украина қатъ кард ва онро бо қарзи бузурги ширкати украинии “Нафтогаз” бастагӣ дод. Киев мегӯяд, ки ин тасмим ва боло бурдани қимати газ аз сӯи “Газпром” ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG