Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои парлумон тарҳи пешниҳоди ҲНИТ-ро баргардонд


Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро ки аз сӯи намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ пешниҳод шуда, аз ҳукумат ҷавоби рад гирифт, напазируфт. Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҲНИТ, 26 сентбяр ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Бар асоси гуфтаҳои Ҳусайнӣ, ин тарҳи иловаҳо ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ бо ҳадафи “пешгирӣ аз облава, решакан кардани ришватситонӣ зимни даъват ба артиш ва таъмини беҳтари шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин, гузоштани қадамҳои аввалин ба самти ташкили артиши касбӣ равона шудаанд.” “Аммо хулосаи ҳукумати кишвар дар робита ба тарҳи мазкурро дастрас кардем, ки дар он зикр шудааст, “лоиҳа ба шакли пешниҳодшуда, дар маҷмӯъ, қобили дастгирӣ намебошад. Дар ҷаласаи Шӯрои парлумон, ки рӯзи ҷумъа баргузор шуд, ин тарҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт, вале ба ҷои он ки ба кумитаҳо барои муҳокима фиристода шавад, ба муаллифон баргардонда шуд”,-афзуд Саидумар Ҳусайнӣ.

XS
SM
MD
LG