Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби рамз ва “Рӯзи Хуҷанд” аз сӯи вакилони халқ


Маҷлиси вакилони халқи Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, нишон ё рамзи ин шаҳрро тасвиб карда, ҳар сол 25 сентябрро “Рӯзи Хуҷанд” эълон намудааст. Хуҷанд аз ҷумлаи нахустин шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки соҳиби рамзи худ мешавад.

Нишоне, ки ҳоло ба унвони рамзи Хуҷанд эътироф ва аз сӯи вакилони маҳҳалӣ тасвиб шуд, кори Акбар Маҳмудов, раиси бахши вилоятии иттифоқи ороишгарон (дизайнер)-ҳои Тоҷикистон, буда, аз миёни 150 асари рассомон интихоб гардидааст. Дар ин рамз, ба гуфтаи мақомот, офтоб ба маънои бостонӣ ё қадимӣ будани Хуҷанд – “шаҳри офтобӣ”, Қалъаи кӯҳан ва рӯди Сир тасвир ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG