Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Аҷиристони Ғазнӣ задухӯрдҳои шадид ба вуқӯъ пайвастанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки садҳо ҷангҷӯи “Толибон” ба Аҷиристон, як минтақаи стратегӣ дар вилояти Ғазнӣ, ҳамла карда, даҳҳо нафар, аз ҷумла, занону кӯдаконро куштанд.

Асадулло Инсофӣ, муовини раиси полиси вилоят, рӯзи 26 сентябр хабар дод, ки задухӯрди шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва толибон дар волусволии Аҷиристон панҷ рӯз боз идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, толибон 12 нафар, аз ҷумла, мансабдорони полис маҳаллӣ ва пайвандони онҳоро сар буриданд. Асадулло Инсофӣ афзуд, ки ситезаҷӯён се русторо ишғол карда, чанд манзилро оташ заданд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Reuters бо такя ба гуфтаҳои муовини волии Ғазнӣ Аҳмадулло Аҳмадӣ навишт, ки дар панҷ рӯзи даргириҳо дар Аҷиристон беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар аз сӯи толибон эъдом шудаанд.

Қорӣ Юсуф Аҳмад, намояндаи ҷунбиши “Толибон” иттиҳоми қатли одамон ва оташ задани биноҳоро рад кард ва аммо гуфт, ки дар набардҳо дар Аҷиристон 40 корманди полиси афғон кушта шудаанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи ҷумъа хабар дод, ки ба Аҷиристон нерӯҳои иловагии полисро мефиристад.

Аҷиристон дар 200 километрии шаҳри Кобул воқеъ аст. Ишғоли он ба толибон имкон хоҳад дод, ки аз он ҷо ба вилоятҳои Урузгон ва Дайкундӣ ҳамла кунанд.

XS
SM
MD
LG