Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Жил де Киршев: 3 ҳазор аврупоӣ аз сӯи "Давлати исломӣ" меҷанганд


Жил де Киршев, раиси кумитаи зиддитеррори Иттиҳоди Аврупо изҳор намуд, ки беш аз 3 ҳазор шаҳрванди аврупоӣ дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Ӯ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ рӯзи 26 сентябр гуфт, бештари аврупоиҳо баъди он ба Ховари Миёна рафтаанд, ки “Давлати исломӣ” дар бораи ташкили Халифат хабар дод. Масъули умури зиддитеррор дар Иттиҳоди Аврупо афзуд, зарбаҳои ҳавопаймоҳои Эътилоф ба мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия таҳдиди ҳамлаҳои ситезаҷӯён ба шаҳрҳои Аврупоро бештар мекунад.

Аз ин пеш Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи панҷшанбе дар иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ дар Ню-Йорк, изҳор намуд, ки мақомоти кашфи кишвараш нақшаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои ҳамла ба метрои Порис, пойтахти Фаронса ва чанд шаҳри Амрикоро ошкор кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамларо хориҷиёни узви “Давлати исломӣ”, аз ҷумла, шаҳрвандони ИМА ва Фаронса, тарҳрезӣ кардаанд. Аммо Ҳайдар Ибодӣ дар бораи он террористҳо дар кадом шаҳрҳои Амрико ҳамлаҳоро тарҳрезӣ кардаанд, чизе нагуфт.

Хабаргузории Associated Press рӯзи 26 сентябр бо такя ба як корманди дафтари раисиҷумҳури ИМА навишт, ки Кохи Сафед дар бораи аз сӯи ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” омода шудани ҳамлаи террористӣ дар метроҳои шаҳрҳои Амрико ва Порис иттилое зери даст надорад. Масъулини полиси шаҳри Ню-Йорк гуфтанд, ки аз изҳороти Ҳайдар Ибодӣ огаҳанд ва ин иттилоъ дар ҳамкорӣ бо Бюрои федеролии тафтишоту дигар ниҳодҳо тафтиш мешавад.

Бар пояи хабарҳо, дар Порис ва Ню-Йорк чораҳои амниятӣ дар метро ва хиёбонҳо тақвият дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG