Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарбаҳои нав ба мавқеъҳои "Давлати исломӣ" дар Сурия


Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои Эътилофи байнулмилалии таҳти сарварии Амрико ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва корхонаҳои нафткаши таҳти назорати онҳо дар Сурия зарба занад.

Созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи 26 сентябр хабар дод, ки ҳамлаҳо дар вилояти шарқии Дайр-уз-Зор ва вилояти Ҳасакеҳ, воқеъ дар шимолу шарқи кишвар идома ёфтанд. Субҳи рӯзи ҷумъа трофи шаҳри Ал-Маёдин ҳам мавриди ҳамла қарор доштанд.

Дар бораи қурбониҳо бар асари ин ҳамлаҳо то ҳол иттилое нарасидааст. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, тайи чанд рӯзи зарбаҳои ҳавопаймоҳои Эътилоф дасти кам 140 ҷангии гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва 13 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG